Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ник Ҳарвӣ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад


Вазири давлатии Бритониё дар умури нирӯҳои мусаллаҳи он кишвар Ник Ҳарвӣ имрӯз дар Душанбе бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад. Дар ин дидор вазъи равобити ду кишвар, аз ҷумла дар соҳоти низомӣ, ва ҳамчунин вазъи Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд. Кишварҳои Ғарб дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон, ки бояд то поёни соли 2014 анҷом шавад, ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ниёзи бештар пайдо кардаанд. Ахиран Амрико гуфт, ки се кишвари ин минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, транзити таҷҳизоти нирӯҳои эътилофро тавассути хоки худ иҷозат додаанд.
XS
SM
MD
LG