Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоири танзнависи тоҷик Сонӣ даргузашт


Бино бар иттилои хабаргузории "Тоҷнюс", шоири танзнависи тоҷик Саъдуллоҳи Мӯсо, ки бо тахаллуси Сонӣ шинохта шудааст, дар зодгоҳаш деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар синни 48-солагӣ фавтидааст. Наздикони ӯ бо истинод ба хулосаи пизишкон мегӯянд, марги ногаҳонии шоир бар асари сактаи дил иттифоқ афтодааст. Сонӣ чанд соли охир бо ашъори танзомез ва шадидан интиқодияш ном бароварда, осрои ӯ дар торнигорҳои тоҷикӣ ба таври фаровон нашр ва бознашр шудааст. Вай дар ин шеърҳо аз вазъи иҷтимоӣ, машаққати мардум, тағйири арзишҳо, ноӯҳдабароии раҳбарон шикоят ва аз Ислому таълимоти динӣ ҳимоят кардааст.
XS
SM
MD
LG