Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкори эронӣ: "Дари бастаамро боз карданд"


Фаридуни Тура, соҳибкори эронӣ.
Фаридуни Тура, соҳибкори эронӣ.

Як соҳбикори эронии муқими Тоҷикистон тавонист танҳо баъд аз 42 рӯз вориди манзили зисташ шавад.

Фаридуни Тура мегӯяд, ки пас аз мулоқоти Консули Эрон дар Тоҷикистон Беҳрузи Некпур бо Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ходимони ин ниҳод муҳреро, ки 42 рӯз қабл бар дари хонаи ӯ дар Душанбе зада буданд, пас гирифтанд ва ӯ тавонист вориди манзили зисташ шавад.

Фаридуни Тура меафзояд, ки суҳбати консули Эрон ва худи ӯ бо Фаттоҳ Саидов рӯзи чоршанбе сурат гирифт ва ҷаноби Саидов аз ин вазъ сахт нороҳат шуд, ки чӣ гуна дари манзили як соҳибкори хориҷӣ беш аз як моҳ муҳр зада шуд.

«Охир ман дигар ҷое дигаре дар инҷо надорам, як рӯз хонаи як дӯстам меравам ва ду рӯз меравам чӣ гуна дар ин сармои шадид ба ҷое биравам? Чанд шабро дар масҷиди сафорат рӯз кардам. Аз ин аҳволи ман худи Фаттоҳ Саидов дар тааҷҷуб монда буд ва ба кормандонаш гуфт, ки инҳо дар бораи мо чӣ менависанд? Дар мавриди Тоҷикистон чӣ менависанд? Баъди ин дастур дод, ки дари хонаи соҳибкор боз карда шуда, қазия аз рӯи қонун баррасӣ карда шавад.»

Ахиран Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи соҳибкори эронӣ Фаридуни Тура, раиси ширкати «Роҳи корвон» парванда боз кардааст.

Ширкати "Роҳи корвон" дар Тоҷикистон аз соли 2003 ба ин тараф расман сабт шуда бо ҷурми изофанависӣ ва сирқати пул муттаҳам дониста мешавад.

Чанд соле пеш ширкати «Роҳи корвон» дар тендери байналмилалӣ, ки аз сӯи Бонки Исломии Рушд эълон шуда буд, барои сохтмони 8 нерӯгоҳи кӯчаки обӣ дар Тоҷикистон баранда шуд. Яке аз ин тарҳҳо, нерӯгоҳи якмегаватӣ дар рӯдхонаи «Сангикар»-и ноҳияи Рашт ва дигаре дар минтақаи Роғун буд. Пас аз шурӯи сохтмон, ширкати «Роҳи корвон» эҳсос кард, ки барномаи сохтмони ин нерӯгоҳ, ки тавассути пажӯҳишгоҳи «Гидроэнергопроект» ба тендер пешниҳод шудааст, камбудиҳо дорад ва ба маблағи тахсисшуда ва ҳаҷми кор мувофиқат намекунад.

Маркази лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ қарордоди тендериро бидуни муроҷиат ба додгоҳ лағв кард ва сохтмони ин нерӯгоҳро ба ширкати навтаъсис вогузошт. Аммо ин ширкати тозатаъсис бидуни ҳалномаи додгоҳ, молу амволи ширкати «Роҳи корвон»-ро бо акти раиси ҷамоати Навободи ноҳияи Рашт мусодира кард.

Аммо ба қавли ӯ, ҳоло баръакс ба хотири фош нашудани асли масъала, худи ӯро ба изофанависии маблағҳо ва азхудкардани пули тарҳҳо айбор мекунанд. Ва Оҷонсии мубориза бо фасод бо пешниҳоди Додситонии кулл алайҳи ӯ парванда боз кард.

Ходимони Оҷонсии мубориза бо фасод дар сӯҳбати рӯзи чоршанбе нафареро бо номи Бобоев, сокини Хуҷанд ҳамчун шоҳид оварданд, ки гӯё Фаридуни Тура аз ӯ маблағ гирифта бошад. Вале Фаридуни Тура мегӯяд, ки ин шахсро бори аввал мебинад ва аслан чунин иттиҳомотро алайҳи худаш рад мекунад.

Ба қавли намояндаи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, баҳси соҳибкори эронӣ Фаридуни Тура ҳанӯз панҷ сол қабл дар мавриди сохтмони 8 нерӯгоҳи хурд дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон оғоз шуда буд ва то кунун идома дорад.

Як додраси Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон Раҳматулло Камолов гуфт, ки дар соли 2007 ин соҳибкор ба онҳо муроҷиат карда буд: «Ин ширкат аз соли 2007 то соли 2011 хомӯшӣ ихтиёр кард ва ба додгоҳ муроҷиат накард. Соли 2011 ба додгоҳ шикоят овард, ки ба ӯ иҷозат диҳанд то корро дар сохтмон идома диҳанд. Азбакски ин дар предмети баҳси мо набуд, мо баррасӣ накардем. Лекин ҳоло агар муроҷиат кунад, мо ҳатман мебинем.»

Бо печида шудани вазъи соҳибкори эронӣ ва ба таври мудовим беш аз 7 сол идома пайдо кардани ин қазия, Фаридуни Тура маҷбур ба Эрон меравад ва ба унвони сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба вазорати хориҷаи Эрон номаи шикоятӣ менависад, ки ин сафорат ба сарнавишти шаҳрвандони худ бетафовут аст.

Пас аз ин, дар моҳи январ ва баъд дар моҳи феврали соли равон, сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон нома ирсол медорад

Фаридуни Тура дар сӯҳбат бо мо ин номаҳоро нишон дод ва гуфт: «Бале, сафир дуто нома зад, яке дар таърихи 14-уми январи ва дигар 6-уми феврали ҳамин сол. Ва дар номаҳо таъкид шудааст, ки санадҳое дар робита ба ин қазия соҳибкори эронӣ дар даст дорад ва санадҳое, ки аз тарафи мақомоти Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, бо имон ва эътимоди комил мерасонем, ки Фаридуни Тура бегуноҳ аст ва агар ин қазияро ҳал накунед, Эрон ҳамкории иқтисодии худро бо Тоҷикистон қатъ мекунад ва фаъолияти «Бонки тиҷорат»-и худро дар ин кишвар бозмедорад.»

Ҳоло қазияи Фаридуни Тура, соҳибкори эронӣ ва раиси ширкати «Роҳи корвон» аз тарафи муфаттишони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон идома дорад.

Искандар Каримов, муфатиши ин парванда дар Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, ки парвандаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад ва ба хотири сири тафтишот, феълан аз тафсилоти бештар худорӣ мекунад. Вай афзуд, ки шояд дар зарфи ду моҳи дигар ин парванда анҷом дода шавад.

Эрон ба унвони ҳамшарики иқтисодии Тоҷикистон тайи як даҳсола бо тарҳҳои муҳими худ дар ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон ҳузур дорад. Сохтмони тунели «Истиқлол», ки шимоли Тоҷикистонро бо маркази ин кишвар мепайвандад, Бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда- 2, аз тарҳҳои муҳими ин кишвар ба шумор меояд.

Дар бозорҳои Тоҷикистон колоҳои Эрон дар баробари моли Чину, Русия, Туркия ва кишварҳои дигар ҷой доранд. Соҳиборони эронӣ низ дар Тоҷикистон ҳузури назаррас доранд. Аммо баъзе аз тоҷирони эронӣ мегӯянд, ки баъзе ниҳодҳои Тоҷикистон, хусусан мақомоти тафтишотӣ дар фаъолияти соҳибкории онҳо маҳдудиятҳо эҷод мекунанд.

Ҳамин тавр қарор аст, ки масъалаи фаъолияти соҳибкорони Эрон дар Тоҷикистон дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар Душанбе баррасӣ шавад.

Раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барои иштирок дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG