Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳбати телефонии Медведев ва Раҳмон ва муносиботи ҳар ду кишвар пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия аз мавзӯъоти меҳварии матолиби аксари нашрияҳои чопи Душанбе аст.

«Имрӯз нюс» дар матлаби «Ало... ба президент» навиштааст, ки «занги телефонии Медведев, ки бо вазидани боди нарми баҳорӣ садо дод, ба ёдҳо ваъдаи тирамоҳи гузашта дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро овард....»

«Озодагон» ин суолро матраҳ кардааст, ки «чаро чузъиёти ин сӯҳбат ошкор нашуд?» Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стартегӣ бар ин назар аст, ки «ҳатмӣ нест, ки тамоми сӯҳбатҳои раиси ҷумҳур бо ҷузъиёташ ошкор шавад. Дар зимни ин сӯҳбатҳо онҳо метавонанд, масоили ҳалношудаи зиёдеро матраҳ намоянд,... ва муҳим нест, ки аз ҷараёни он тамоми мардумро хабар расонанд». Аммо Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи ҲНИТ «огоҳ нашудани мардум аз ҷузъиёти сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведевро «мояи тааҷҷуб» арзёбӣ кард.

«Нигоҳ» дар матлаби «Ауксиони сиёсӣ - низомӣ» сабаби водор шудани Медведев барои сӯҳбат бо Раҳмонро ба масоили низомӣ ва он ҳам қазияи будубоши пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон марбут донистааст. Зеро ба навиштаи нашрия, «ҳоло бояд Медведев то замони «бо ду дасти адаб» супурдани курсии президентӣ ба Путин, ин қазияро ба анҷоми худ расонад.»

«Тоҷикони Русия» сӯҳбати ахири Медведев ва Раҳмонро аз ҷумлаи «7 лаҳзаи зимистони «имиҷсоз» шомил кардааст. Соҳибёри Толиб, сардабири ин нашрия навиштааст, ки «шояд ин сӯҳбати охирини Дмитрий Медведев дар замони қудраташ бо президенти мо буд. Ҳаминаш маълум, ки дар замони сари қудрат будани Медведев, масъалаи пойгоҳи 201 ба манфиати Русия нигоҳ дошта шуд». Аммо ба таъкиди муаллиф, «маълум нест, ки бо омадани президенти нави Русия ин масъала чӣ гуна тобиш пайо мекунад». Хулосаи муаллиф ин аст, ки «ин мавзӯъ низ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия «думдор» боқӣ мондааст.»

«Миллат» низ мавзӯи пулакӣ будан ё набудани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои 49 солро матраҳ кардааст. Ҷомеашинос Сайфулло Муллоҷонов гуфтааст, ки «ин пойгоҳ ба ҳеҷ ваҷҳе бояд бе пул дода нашавад.» Зеро ба таъкиди ин ҷомеашинос, «ба ҳамон андозае, ки Русия барои мо зарур аст, ҳузури низомии Русия дар ин ҷо ба ҳамон андоза бо назардошти ҷойгоҳи стартегияву ҷуғрофии Тоҷикистон барои Русия низ зарур аст». Ба навбаи худ Сӯҳроб Шарифов, вакили порлумон бар ин бовар аст, ки «мо бояд иродаи ҷиддӣ ва масъулият доштанро пеши миллату давлат дар назар гирифта, ин масъаларо ба фоидаи ояндаи халқи тоҷик ва амнияти кишвар ҳал намоем.»

«Азия плюс» дар пасманзари изҳороти Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, ки гуфтааст, «Тоҷикистон ба ҳаққи худ дар ивази пойгоҳи низомии Русия пофишорӣ хоҳад кард», назари бархе аз хонандагони сомонаи худро нашр кардааст. Яке аз хонандагон гуфтааст, «Дуруст аст, ҷаноби Достиев. Танҳо барои «ташаккур» имзои ин санад номумкин аст. Бигзор пардохт кунанд (300 миллион- маблағи хуб аст)». Ба гуфтаи ин хонанда, «онҳо ку бензинро ройгон намефурӯшанд, балки бо нархи хеле гарон». Ба ин далел ин хонанда пешниҳод кардааст, ки ин санад на барои 49 сол, ки хеле дароз аст, балки барои на камтар аз даҳ сол ба имзо расад. Зеро фарзандону наберагон моро нахоҳанд бахшид.»

"Наҷот" навиштааст, ки «дар Русия агар кадом таҳаввулот ба амал ояд, ба авзои Тоҷикистон, ба хусус дар муносиботи ин ду кишвар бе таъсир нест». Нашрия суоли «Бозгашти Путин ба симмати президентӣ барои Тоҷикистон чӣ медиҳад?» -ро матраҳ кардааст, ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили порлумон дар посухи он гуфтааст, ки «пирӯзии Путин тағйироте дар равобити Русия бо Тоҷикистон ворид нахоҳад кард. Зеро ду ҷониб якдигарро хуб мешиносанд. Дидгоҳу равиши сиёсии ӯ барои элитаи Тоҷикистон шинос аст». Ҳамчунин ба бовари Кабирӣ, «барои роҳбарияти Тоҷикистон ҳам бо Путин ҳамкорӣ кардани осонтар аст, дар муқоиса бо сиёсатмадороне, ки рафторашон пешбинишаванда нест.»

«Фараж» ба муваффақияти сад дар сади Владимир Путин дар интихоботи 4 март таъкид карда ва навиштааст, ки «дар як соли ахир ба иллати баъзе нофаҳмиҳо муносиботи Душанбеву Маскав ба сардӣ гароидааст». Нашрия назари таҳлилгар Қосими Бекмуҳаммадро овардааст, ки мегӯяд, «ба таъсири мусбати бозгашти Путин ба равобити Маскаву Душанбе чандон хушбин нестам». Зеро ба таъкиди ҷаноби Бекмуҳаммад, «ҳамон гуна, ки аз чанд мақолаи ахири Путин бармеояд, ҳадафи ниҳоии вай эҳёи Русия ҳамчун қудрати ҷаҳонист. Барои расидан ба ин ҳадаф, ҳоло тавону зарфияти кофиро дар ихтиёр надорад ва ин аст, ки тарҳи Иттиҳоди Авру-Осиёро ҳамчун созмони фаромиллӣ матраҳ мекунад, то «битавонад» ба яке аз қутбҳои ҷаҳони имрӯз табдил шавад.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG