Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои СММ Сурияро маҳкум кард


Шаҳри Идлиби Сурия (28 феврали соли 2012)

Шаҳри Идлиби Сурия (28 феврали соли 2012)

Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ ҳукумати Сурияро бо ”поймол намудани ҳуқуқи мардуми осоишта дар ҷараёни таъқиби эътирозҳо” маҳкум кард. Рӯзи панҷшанбе ҳангоми овоздиҳӣ дар дар қароргоҳи Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар шаҳри Женева се муттафиқи Сурия-Русия, Чин ва Куба мухолифи тасвиби қатънома овоз доданд. Умуман, аз байни 47 узви Шӯро 34 кишвар аз маҳкум кардани Сурия пуштибонӣ карданд. Қатънома, ки ҳукми машваратӣ дорад, баъди ҳамлаҳои нерӯҳои ҳукумати Сурия болои шаҳри Ҳумс пешниҳод шуд. Амалиёти нерӯҳои Сурия дар Ҳумс ҳанӯз ҳам идома дорад. Фаъолони мухолифини Сурия мегӯянд, бар асари бомбаборони Ҳумс ҳазорҳо нафар кушта шудаанд. Аммо ҳукумати Сурия таъкид мекунад, ки дар Ҳумс бар зидди силоҳбадастон меҷангад. Тибқи хабарҳо сарбозони зиёде аз артиш фирор намуда, ба сафи мухолифин пайвастаанд. Бо ишора ба бадшавии вазъи амниятӣ Британия тамоми ходимони сафораташро бозхонда, дарҳои сафораташ дар Димашқро бастааст.
XS
SM
MD
LG