Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар намоишгоҳи ЭКСПО-2012 ширкат мекунад


Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалии ЭКСПО-2012, ки дар шаҳри Ёсуи Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, павилиони миллии худро хоҳад дошт. Ин намоишгоҳ аз 12 май то 12 август давом мекунад. Дар ин намоишгоҳ ширкаткунандагон дар бораи мушкилоти захоири об, тағири иқлим ва масъалаҳои олудагии миҳити зист бо якдигар табодули афкор хоҳанд кард. Дар ин бора Утоқи Тиҷоратии Тоҷикистон ба «Азия Плюс» хабар додааст. Интизор меравад, ки аз ин намоишгоҳ 8 миллион нафар боздид кунанд ва ним миллиони он шаҳрвандони хориҷӣ хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG