Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз мегӯем: «Зиҳӣ, шаҳрдории Душанбе!»


Акс аз Ҳафиз Қаландаров, блогнависи тоҷик

Акс аз Ҳафиз Қаландаров, блогнависи тоҷик

Инак , билохира, Баҳори нав ба Тоҷикистони азизи мо роҳашро боз кард. Шадидтарин сармоҳои зимистон ва барфу яхбандиҳое, ки даҳсолаҳо мислаш дида нашуда буд , гӯё ҳоло ақиб менишинад.

Ба ҳамаамон хуб маълум аст, ки чунин зимистони сарди сербориш дар тамоми олам ғайри интизор буду шаҳру давлатҳои пешрафтатаринро дар ғафлат дарёфт -- ҳазорҳо хонавода бебарқ монда, роҳҳо баста гардид ва ҳатто даҳҳо нафар ҳалок шуданд.

Имрӯзҳои офтобӣ, ки дар Тоҷикистон ҳарорат батадриҷ боло мераваду офтоб ҳоло касро навозиш мекунад, табъи мо мардум низ хуштар мешавад ва мо чун аҷдодонамон, тоҷикони асил шукргузорӣ аз ин тағйиру беҳбудӣ, пешхабари Наврӯзи Баҳорӣ мекунем.

Ҳамчунин, албатта, мо қадрдонӣ ва изҳори сипоси бузург аз шаҳрдорӣ мекунем, ки хадамоти он бархилофи баъзе аз ақидаву пешбиниҳои нохушбинона бо сарбаланди аз ӯҳдаи вазифаашон баромаданд. Махсусан мо, душанбегиҳо, дар маҳаллаи Ховарон ё Теппаҳои Шарқӣ ба шаҳрдорӣ барои ин зимистон ҳамагон бе истисно баҳои 5-и аъло мегузорем: як ҷаҳон ташаккур дӯстон ва бародарону хоҳарони азиз!

Ногуфта намонад, ки лоиҳаи навоваронаи “Мо метвонем!” байни сокинони шаҳр ва хадамоти коммуналӣ пули мустаҳкаме сохт. Ин лоиҳа, ки бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе пиёда шуд, дар муддати кӯтоҳ байни мардум маҳбубияти хос пайдо кард. Акнун сокинони шаҳр барои ҳалли мушкилашон оид ба дастрасии хизматрасониҳои коммуналӣ метавонанд бо воридшавӣ ба торнамои www.mometavonem.tj ва ба фиристодани паёмак аз гӯшӣ ба шумораи 988933333 ва ё нома ба пусти элетронии admin@mometavonem.tj дарди худро баён медоранд. Муроҷиати шаҳрвандон ҳамон замон ба хадамоти коммуналии дахлдор фиристода мешавад ва он ҳамоно аз паи ҷустуҷӯи ҳалли мушкил мешавад. “Мо метавонем” аз имтиҳони рӯзноманигорони нашрияи “Вечёрка” гузашт. Онҳо дар рӯзҳои хунуктарини зимистон чанд мушкили шаҳрро мушоҳида намуда, дар торнамои “Мо метавонем” ворид намуданд ва вақте дар муддати кӯтоҳ ба онҳо хадамоти дахлдор занг зада гуфт, ки мушкилиҳои вориднамуда ҳал шуд, онҳо бо даҳанҳои боз дар ҳайрат монданд. (http://vecherka.tj/news/tri-ispy-taniya-dlya-chinovnikov/)

Аз фурсат истифода бурда, барои таъмири роҳ, ташкили нуқтаҳои партов ва мунтазам поксозии он дар маҳаллаи мо низ сипосгузорем.

Умуман , «Душанбе аз баъзе шаҳрҳои Аврупо дида поктар аст», гуфтааст яке аз сайёҳони хориҷӣ ва дигаре Душанберо аз амнтарин шаҳрҳои дунё хондааст ва боз агар ба интернет нигарем мебинем , ки Душанбеи азизи мо дар қатори 10 шаҳри барои зиндагӣ арзонтарини соли 2011 низ ҷой гирифтааст. (http://matadornetwork.com/abroad/the-10-cheapest-cities-in-the-world-2011/)

Дар ин торнамо, гуфтагӣ барин, аз зимистони нарми муқаррарӣ сухан меравад, ки сахтии иқоматро сабуктар мекардааст ва боз иҷораи арзон ва дӯконҳои зиёд, ҳарчанд ҳаёти шабона гӯё қимматтар аз дигар шаҳрҳои арзони рӯйхат будааст…

Албатта, бо нархҳои қариб бемайлон болораванда, аксари шаҳрвандони мо бо ин ақидаи охирӣ розӣ шуда наметавонанд, вале шояд дар дигар ҷойҳо вазъият бо назардошти бӯҳрони иқтисодӣ аз ин ҳам сахттар бошад? Хуб мебуд, агар мо ҳамеша хулосаҳои муқоисавӣ мекардем. Шояд дар ин ҳол мо сабаби мушкилиҳоро хубтар мефаҳмидему аз пешравиву комёбиҳо ифтихор мекардем?

Ба ҳар ҳол дар хулосаи сухан, бори дигар: Имрӯз мо мегӯем «Зиҳӣ Душанбе, Зиҳӣ Шаҳрдорӣ!»

Аз номи сокинони маҳаллаи Теппаҳои Шарқӣ
Ҳафиз Қаландаров

P.S. Дар cурат лаҳзае аз зимистон дар маҳаллаи Теппаҳои Шарқӣ акс ёфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG