Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як мураббии босниягӣ дар тими миллии Тоҷикистон


Алмир Сеферович, мураббии тарбияти бадании тими миллии футболи Тоҷикистон
Алмир Сеферович, мураббии тарбияти бадании тими миллии футболи Тоҷикистон

Алмир Сеферович мураббии тарбияти бадании тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд.

Ба иттилои Валерий Турсунов, муовини аввали раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ин мутахассиси 35-солаи босниягиро имрӯз, 1-уми март, ба аъзои дастаи мунтахаби миллии кишвар муаррифӣ карданд.

Ӯ бо ҳамватанаш Камол Алиспоҳичи 46-сола, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, футболбозони тоҷикро ба сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) омода хоҳад кард.

Тими миллии кишвар дар сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 дар Непал (8-18 март) дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон ва Филиппин рақобат мекунад. Ғолиби ин сабқат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.

Алмир Сеферович ҳамроҳ бо Алиспоҳич дар бошгоҳҳои футболи «Сараево» (Босния), «Железничар» (Босния), «Ал-Иттиҳод» (Сурия) кор кардааст.

Ӯ пеш аз кори мураббигӣ ба ҳайси футболбоз дар хатти дифои «Олимпик» (Сараево), «Вележ» (Мостар), «Единство» (Бихач) бозӣ кардааст.

Хатмкардаи Донишкадаи варзиши Сараево мебошад ва дар бошгоҳҳои «Динамо»-и Загреб ва «Ганновер»-и Олмон таҷриба андӯхтааст.
XS
SM
MD
LG