Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон меҳвари гуфтугӯи Панетта ва Барак


Вазирони дифои Амрико ва Исроил.

Вазирони дифои Амрико ва Исроил.

Бӯҳрони атомии Эрон меҳвари гуфтугӯи рӯзи чаҳоршанбеи вазирони дифои Амрико ва Исроил будааст.

Дар ин нишаст раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико низ ҳузур дошт.

Пас аз поёни нишаст, сухангӯи вазорати дифои Амрико бидуни ишора ба ҷузъиёти музокирот гуфт: "Эҳуд Барак ва Леон Панетта дар бораи муносибатҳои низомии ду кишвар ва масъалаҳои минтақа, аз ҷумла Сурия, Эрон ва дар умум Ховари Миёна сӯҳбат карданд."

Дар ҳафтаҳои ахир бархе расонаҳои Исроил ва Амрико гузоришҳое дар бораи эҳтимоли ҳамлаи низомӣ ба Эрон ва ихтилофи раҳбарони ду кишвар дар бораи чигунагии рӯёрӯӣ бо бӯҳрони ҳастаии Эрон мунташир кардаанд.
Исроил гарчанде, ки аз таҳримҳои Амрико ва Аврупо алайҳи Эрон истиқбол кард, вале раҳбарони он кишвар бар ин нуқта таъкид доранд, ки гузинаҳои низомӣ ҳамчунон ба унвони яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ дар назар аст.

Бархе мақомоти исроилӣ ҳам гуфтаанд, ки агар қарор аст тасмими низомӣ алайҳи Эрон сурат бигирад, ин ҳамла бояд дар тобистони соли ҷорӣ анҷом шавад.

Аз сӯи дигар дар Амрико нигаронӣ аз мавқифи якҷонибаи Исроил дар ҳамла ба Эрон ва паёмадҳои минтақаӣ ва ҷаҳонии он шиддат гирифтааст. Дар чанд рӯзи ахир Эҳуд Барак ва дигар мақомоти исроилӣ ихтилоф миёни ду кишвар дар бархӯрд бо барномаи ҳастаии Эронро рад кардаанд.

Ҳамзамон бо сафари вазири дифои Исроил ба Вашингтон, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Эрон ҳанӯз тасмим нагирифтааст силоҳи ҳастаӣ бисозад.

Қарор аст рӯзи душанбеи оянда Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар Вашингтон бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дидор ва гуфтугӯ кунад. Гуфта мешавад дар музокироти раҳбарони Амрикову Исроил, барномаи ҳастаии Эрон ва чигунагии бархӯрд бо он баҳс хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG