Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин давраи омӯзишии забони русӣ ба поён расид


Дар шаҳри Душанбе нахустин давраҳои омӯзиши забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ ба поён расид. Омӯзиш якуми октябр шурӯъ шуд ва 5 моҳ давом кард. Ҳоло дар Русия ва дар шӯъбаҳои донишгоҳҳои Русия дар хориҷ аз ин кишвар 160 маркази омӯзиши забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ фаъолият мекунад. Леонид Слутский-раиси яке аз кумитаҳои Думаи Давлатии Русия гуфтааст, аксарияти ин марказҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон боз шудаанд. Дар ин марказҳо баъд аз хатми давраҳои омӯзишӣ шаҳодатнома ё сертификат медиҳанд, ки он барои корёбӣ дар Русия кӯмак мекунад. Донистани забони русӣ ба муҳоҷирон пеш аз ҳама барои ҳимоят аз ҳуқуқи худашон зарур аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG