Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон ду сарбози НАТО кушта шудаанд


ISAF ё Нируҳои байналмилаллии кӯмаки амниятӣ дар Афғонистон мегӯянд, дар як пешомади тирандозӣ, ки зоҳиран як сарбози Афғонистон низ даст доштааст, ду сарбози нируҳои НАТО кушта шудаанд. ISAF мегӯяд ин тирандозӣ рӯзи панҷшанбе рух додааст ва дар он як низомии артиши миллии Афғонистон ва як нафари дигар дар либоси ғайринизомӣ даст доштаанд. Дар изҳороти ISAF дар бораи ҷузъиёти воқеа, дар бораи маҳалли ин ҳодиса, дар бораи ҳуввияти сарбозони кушташудаи НАТО ва сарнавишти баъдии афроди дастдошта дар ин тирандозӣ маълумот дода нашудааст. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли мақомоти Афғонистон навиштааст, ки ин ҳодиса дар вилояти Қандаҳор рух додааст.
XS
SM
MD
LG