Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти эътирозии Ӯш дар остонаи интихоботи маҳаллӣ


Тазоҳуроти эътирозии мухолифон дар Ӯш, 1 марти 2012
Тазоҳуроти эътирозии мухолифон дар Ӯш, 1 марти 2012
Дар остонаи интихоботи маҳаллии шаҳри Ӯши Қирғизистон ҳазорон нафар дар тазоҳуроти эътрозии мухолифон ширкат карданд. Дар Ӯш ақалиятҳои узбактабор ба сар мебаранд ва дар нооромиҳои соли 2010 ин шаҳр саҳнаи даргириҳои қавмии миёни қирғизҳо ва узбакҳо табдил ёфта буд. Дар даргириҳо тақрибан 450 нафар кушта, ҳазорон адад хона ва биноҳои маъмурӣ хароб шуданд. Бахши қирғизии радиои Озодӣ гузориш додааст, ки дар тазоҳуроти имрӯзи Ӯш 10 000 нафар ширкат кардаанд ва гуфтаанд, ки аз Мелис Мирзахматов-шаҳрдори Ӯш ҷонибдорӣ мекунанд. Ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозӣ аз Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳур интиқод кардаанд. Мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки дар остонаи ин тазоҳуроти эътирозӣ дар Ӯш ва атрофи он тадобири амниятӣ тақвият ёфта буд. Дар ин шаҳр 4 март интихоботи Маҷлиси маҳаллӣ баргузор мешавад ва сокинони шаҳр 45 нафар намояндагони Шӯрои шаҳриро интихоб мекунанд. Дар интихобот 8 ҳизби сисёсӣ ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG