Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи кишварҳои минтақа аз мувофиқати Кореяи Шимолӣ


Чин ва Кореяи Ҷанубӣ аз хабари мувофиқатномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ истиқбол карданд. Пхенян гуфтааст, ки озмоишҳои ҳастаиву мушакӣ ва ғанисозии уранро бозмедорад. Дар иваз ба ин иқдом Кореяи Шимолӣ аз Амрико маводи ғизоӣ дарёфт хоҳад кард. Вазорати корҳои хориҷаи Чин дар изҳороте аз ин иқдоми сулҳомез дар нимҷазираи Корея истиқбол кард. Вазорати корҳои хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ гуфтааст, ки ин тасмим дар натиҷаи талошҳои муштараки Сеул ва Вашингтон ба даст омадааст. Ин тавофуқот бахше аз талошҳои густарда барои оғози музокироти шашҷониба роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Кореяи Шимолист. Ҳадафи музокирот ин аст, ки ин кишвар аз барномаҳои аслиҳаи ҳастаии худ комилан даст кашад.
XS
SM
MD
LG