Пайвандҳои дастрасӣ

Беларус ба ИА: "Шеваи тарсондан кор нахоҳад дод"


Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус.

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус.

Вазорати умури хориҷии Беларус Иттиҳодияи Аврупоро ба “ташдиди танишҳо” бо Минск айбдор кард.

ИА эълон кард, ки ҳамаи 27 кишвари узви ин созмон “ба нишони ҳамраъйӣ”, сафирони худро аз Беларус “барои машварат” фаро мехонанд.

Ин иқдом дар посух ба тасмими давлати Александр Лукашенка буд, ки дар пайи эъмоли таҳримоти нави ИА аз фиристодаи ин созмон ва сафири Лаҳистон хост, Беларусро тарк кунанд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Беларус Андрей Савиних гуфт, тасмими шоми сешанбе эълонкардаи раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон “роҳ ба сӯи бунбаст аст: “Вокуниши асабонии ИА ба пешниҳоди Беларус ба сафирони ИА ва Лаҳистон, ки барои машварат ба пойтахтҳои худ бираванд, баёнгари танҳо як чиз аст, ки Брюссел роҳи ташдиди танишҳоро пеш гирифтааст. Ин роҳ ба бунбаст аст.”

Савиних афзуд, “шеваи тарсондан” дар қиболи Беларус кор нахоҳад дод. Минск, ҳамин тавр, сафирони худро низ аз ИА ва Лаҳистон фаро хондааст.

Рӯзи сешанбе ИА ба рӯйхати мақомоти мамнӯъулвуруди Беларус исми 21 мансабдори дигарро афзуданд. Ин иқдом дар вокуниш ба таъқиби мухолифини сиёсӣ дар он кишвар буд. “Рӯйхати сиёҳ”-и ИА алакай беш аз 200 мақоми беларусии даст дошта дар нақзи ҳуқуқи инсонро дар бар мегирад, ки ҳаққи вуруд ба ИА-ро надоранд ва ҳисобҳои бонкиашон низ бояд баста шавад.

Сарвазири Русия Владимир Путин дирӯз гуфт, таҳримоти ИА монеъи талошҳои ҳамоиш миёни Маскаву Минск нахоҳад шуд: “Мо аз ин изҳори таассуф мекунем. Ман пеш аз ҳама умедворам, ки равобит байни ИА ва Беларус оддӣ хоҳад шуд. Аммо ин ба раванди ҳамоиши мо таъсире нахоҳад дошт.”

ИА дар пайи саркӯбии эътирозҳои баъди интихоботи декабри соли 2010, ки Александр Лукашенкаро боз ба як давраи дигари раёсат расонд, алайҳи Минск таҳримот ҷорӣ кард. Лукашенка, ки аз соли 1994, инак 18 сол боз бар Беларус ҳукм меронад, ба дунбол дигарбора роҳи наздикӣ бо Русияро пеш гирифт. Дар ҷараёни эътирозҳои Беларус беш аз 700 нафар, аз ҷумла 7 рақиби интихоботии Лукашенка зиндонӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG