Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофӣ Анан ҳамчун фиристода ба Сурия меравад


Кофӣ Анан
Кофӣ Анан
Фиристодаи СММ ва Лигаи Араб дар Сурия Кофӣ Анан гуфт, ба зудӣ ба Сурия меравад ва Башор Асадро ба пайвастан ба раванди хатми хунрезиҳо даъват хоҳад кард. Собиқ дабири кулли СММ гуфт, ӯро “маъмурияти сахт”-е дар пеш аст. Ба ҳисоби СММ, тайи қариб як соли саркӯбии ошӯбҳо дар Сурия то 7500 нафар ҷон бохтаанд. Димишқ гуфт, бо эъзоми як баталёни вижа таҳти раҳбарии бародари хурдии Асад чирикиҳоро аз шаҳри ошӯбзадаи Ҳумс “пок” хоҳад кард. Раҳбари барномаҳои башарии СММ Валерӣ Амос дар ҳамин ҳол гуфт, Сурия то ҳол ба ӯ иҷозати вуруд надодааст. Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс ин амали Димишқро “шармовар” номид.
XS
SM
MD
LG