Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Конгресс гуфт, сиёсати Барак Обама пешгирӣ аз даст ёфтани Эрон ба сохтани силоҳҳои ҳастаист ва ин сиёсат ба қувваи худ боқист. Ӯ афзуд, таҳримоти зидди Эрон “ба дидгоҳи эрониҳо нисбат ба раҳбаронашон таъсир мерасонад, вале бояд ҳушёр буд.”
Амрикову Исроил ва бисёри кишварҳои Ғарб мӯътақиданд, ки барномаи ҳастаии Эрон табиати низомӣ дорад ва бояд ин фаъолиятҳояшро қатъ кунад. Раҳбарони Эрон аммо мегӯянд, ҳадафи онҳо танҳо тавлиди барқи ҳастаӣ ва таҳқиқоти илмист.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG