Пайвандҳои дастрасӣ

Навалний: Пирӯзии Путинро эътироф нахоҳем кард


Алексей Навалний

Алексей Навалний

Блогнависи мухолифи рус Алексей Навалний ба телевизиони амрикоии PBS гуфт, дар сурати пирӯзии сарвазир Владимир Путин, ӯву эътирозгарони дигар натоиҷи интихоботи рӯзи 4 марти раёсатҷумҳурии Русияро эътироф нахоҳанд кард. Навалний гуфт, эътирозҳои мардумӣ бо талаби ислоҳоти сиёсӣ ва интихоботи нав идома хоҳад кард. Ӯ афзуд, Путин рӯзи 5 март худро президенти Русия эълон хоҳад кард ва “ӯ ҳамин тавр, метавонад худро шоҳ ё султон ҳам эълон кунад, вале мо инро қабул нахоҳем кард.” Дар интихобот 5 номзад сабти ном шудаанд, вале мухолифин мегӯянд, онҳо зоҳиран дастнишондаи Кремланд ва рақибони воқеъии Путинро ба корзор роҳ надоданд.
XS
SM
MD
LG