Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Леон Панетта бо Эҳуд Барак


Леон Панетта
Леон Панетта
Дар Пентагон мулоқоти вазирони дифоъи Амрикову Исроил Леон Панетта ва Эҳуд Барак доир шуд. Пентагон бидуни ироаи ҷузъиёти зиёд гуфт, ду ҷониб равобити низомӣ ва масоили минтақа, аз ҷумла Сурия ва Эронро баҳс кардаанд. Қарор аст, Эҳуд Барак тайи сафари дурӯзааш бо ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден низ мулоқот кунад. Ҳафтаи оянда дар Кохи Сафед раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мулоқот хоҳад кард. Нетаняҳу гуфтааст, ки мавзӯъи аслии ин дидор Эрон хоҳад шуд. Раҳбарони Исроил мегӯянд, фурсати танҳо бо таҳримот гирифтани пеши роҳи дастёбии Эрон ба бомби ҳастаӣ аз даст меравад. Ин дар Вошингтон нигарониеро эҷод кардааст, ки Исроил шояд нақшаи иқдоми низомӣ алайҳи аҳдофи ҳастаии Эронро дар сар дошта бошад.
XS
SM
MD
LG