Пайвандҳои дастрасӣ

Беларус Брюсселро ба "ташдиди танишҳо" айбдор кард


Беларус Иттиҳодияи Аврупо(ИА)-ро ба “ташдиди танишҳо” бо Минск айбдор кард. ИА эълон кард, ки ҳамаи 27 кишвари узви ин созмон “ба нишони ҳамраъйӣ” сафирони худро аз Беларус “барои машварат” фаро мехонанд. Ин иқдом дар посух ба тасмими давлати Аляксандр Лукашенка буд, ки дар пайи эъмоли таҳримоти нави ИА аз фиристодаи ин созмон ва сафири Лаҳистон хост, Беларусро тарк кунанд.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Беларус Андрей Савиних гуфт, тасмими шоми сешанбе эълонкардаи раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон “роҳ ба сӯи бунбаст аст: “Вокуниши асабонии ИА ба пешниҳоди Беларус ба сафирони ИА ва Лаҳистон, ки барои машварат ба пойтахтҳои худ бираванд, баёнгари танҳо як чиз аст, ки Брюссел роҳи ташдиди танишҳоро пеш гирифтааст. Ин роҳ ба бунбаст аст.” Савиних афзуд, “шеваи тарсондан” дар қиболи Беларус кор нахоҳад дод.
Рӯзи сешанбе ИА ба рӯйхати мақомоти мамнӯъулвуруди Беларус исми 21 мансабдори дигарро афзуд. Ин иқдом дар вокуниш ба таъқиби мухолифини сиёсӣ дар он кишвар буд. “Рӯйхати сиёҳ”-и ИА алакай беш аз 200 мақоми беларусии дахил дар нақзи ҳуқуқи инсонро дар бар мегирад, ки ҳаққи вуруд ба ИА-ро надоранд ва ҳисобҳои бонкиашон низ бояд баста шавад.
ИА дар пайи саркӯбии эътирозҳои баъди интихоботи декабри соли 2010, ки Аляксандр Лукашенкаро боз ба як давраи дигари раёсат расонд, алайҳи Минск таҳримот ҷорӣ кард. Дар ҷараёни эътирозҳои Беларус беш аз 700 нафар, аз ҷумла 7 рақиби интихоботии Лукашенка зиндонӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG