Пайвандҳои дастрасӣ

Пхенян ба қатъи ғанисозии уран розӣ шудааст


Корхонаи ҳастаии баҳсбарангези Кореяи шимолӣ дар Ёнгбиён

Корхонаи ҳастаии баҳсбарангези Кореяи шимолӣ дар Ёнгбиён

Амрико мегӯяд, Кореяи шимолӣ ба қатъи ғанисозии уран ва тавқифи озмоишҳои мушакиаш розӣ шудааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, ҳокимони коммунисти Пхенян розӣ шудаанд, то нозирони Ожонси байналмилалии назорати нирӯи атомӣ тавқифи ғанисозии уранро назорат карда, аз кор баровардани реактори Ёнгбиёнро низ тасдиқ кунанд. Мақомоти Амрико ва Кореяи шимолӣ ба хотири ниҳоӣ кардани ҷузъиёти 240 000 тонна кумакҳои пешниҳодӣ ба ин кишвари фақрзада бояд мулоқоте доир кунанд. Намояндагони ду ҷониб дар моҳи феврал дар Пекин мулоқот доштанд.
XS
SM
MD
LG