Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии Тоҷикистон бо Кореяи шимолӣ мусовӣ анҷом ёфт


Бозии тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Кореяи шимолӣ дар варзишгоҳи Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ин ду тим, ба ин тартиб, дар гурӯҳи С ҷойҳои 3 ва 4-умро гирифта, аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки соли 2014 дар Бразилия хоҳад гузашт, маҳрум шуданд. Ба даври баъдӣ аз ин гурӯҳ Узбакистон ва Ҷопон роҳхат гирифтанд. Бозии онҳо дар Токио дирӯз бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи футболбозони узбак анҷом ёфт.
XS
SM
MD
LG