Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 000 сомонӣ ҷарима барои намози "ғайрисуннатӣ"


Додгоҳи ноҳияи Бохтар ду сокини маҳаллиро бо ҷурми барангехтани низоъи мазҳабӣ ба маблағи 200 маоши ҳадди ақал, ки муодили 8 000 сомонист, ҷарима бастааст. Додситони ноҳия Иброҳим Атоуллоев ба “Азия Плюс” гуфт, сокинони ҷамоати Навбаҳор Ҳомиддин Абдуллоев ва Насим Қурбонов тайи як сол намозҳои худро дар масҷид бо нақзи қоидаҳои мазҳаби суннӣ адо мекарданд, ки боиси эҷоди сӯъитафоҳум ва ҳатто низоъи мазҳабӣ мешуд. Атоуллоев гуфт, дар поёни соли гузашта як сокини дигари Бохтар Ҳикматуллоҳ Қаландаров, ки дар рӯзҳои ошӯби Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло мардумро ба “ҷиҳод” даъват мекард, низ ба маблағи 31 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.
XS
SM
MD
LG