Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи додхоҳии соҳибкорони тоҷик ба президент


Як гурӯҳи бузурги соҳибкорони тоҷик дар номае саркушода ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори бозбинии чанд банди тарҳи нави Кодекси андоз шуданд. Аксари муаллифон аз пештозони бозори мухобирот ва интернет буда, дар ин нома гуфтаанд, ки Кодекси нав болои хадамоти чунин ширкатҳо аксиз ҷорӣ мекунад, ки мунҷар ба варшикастагии шумори зиёди бозигарони ин бозор хоҳад шуд. Дар ин нома аз оқои Раҳмон дархост шудааст, ки тасвиби тарҳи ҷадиди Кодекси молиётро ба хотири такмили он то поёни сол ба таъхир андозад.
XS
SM
MD
LG