Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Низомхон Ҷӯраев ба таъхир афтод


Анна Ставитская

Анна Ставитская

Додгоҳи шаҳри Шёлковои вилояти Маскав судури ҳукми боздошти дубораи Низомхон Ҷӯраевро ба таъхир гузошт. Анна Ставитская, вакили мудофеъи раҳбари собиқи корхонаи кимиёвии Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, ин таъхир бо дархости ӯ сурат гирифтааст. Низомхон Ҷӯраев ҳанӯз моҳи августи соли 2010 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуд ва якуним солро дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш дар боздошт ба сар бурд. Ӯ мебоист рӯзи 27 феврал озод мешуд, вале ҳамон рӯз алайҳаш иттиҳоми нав – талоши сӯъиқасд ба ҷони нафаре бо номи Мирбодулло Каримовро эълон карданд. Ҷӯраев дар Тоҷикистон ба сирқат ва чанд қатл айбдор мешавад. Худи ӯ ин иттиҳомотро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG