Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири нирӯҳои мусаллаҳи Бритониё ба Душанбе меояд


Имрӯз, 1 март, дар Женева анҷумани дурӯза дар мавзӯъи паноҳандагон ва низоъҳои мусаллаҳона оғоз ба кор мекунад. Имрӯз нишасти дурӯзаи Шӯрои Аврупо оғоз хоҳад ёфт. Имрӯз Босния солгарди 20-уми истиқлолаш аз Югославияи собиқро таҷлил мекунад. Имрӯзу фардо вазири нирӯҳои мусаллаҳи Бритониё Ник Ҳарвӣ аз 3 кишвари Осиёи Марказӣ - Қирғизистону Тоҷикистон ва Туркманистон дидан хоҳад кард. Рӯзи 1 март дар Ӯши Қирғизистон тазоҳуроти мухолифин доир хоҳад шуд. Имрӯз дар кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико таҳдидҳои ношӣ аз Эронро баҳс хоҳанд кард. 1 марти соли 1995 мудири вақти шабакаи аввали телевизиони Русия Владислав Листев кушта шуд. Ва Владимир Путин 1 марти соли 2007 Рамазон Қодировро ба мақоми президенти Чеченистон пешбарӣ кард.
XS
SM
MD
LG