Пайвандҳои дастрасӣ

Камии маош дар аксар идораҳо мутахассисонро маҷбур кардааст, ки дар ду ё се ҷо кор кунанд ва ё роҳи Русияро пеш бигиранд.

На ҳама сокинони пойтахти Тоҷикистон аз маош ва ё нафақае, ки дарёфт мекунанд, қонеъ ҳастанд. Онҳо мегӯянд, маоши якмоҳаашон танҳо барои харидории маводи ғизоӣ базӯр кифоят мекунад, чи расад ба харидории либосу таҷҳизоти лозим барои манзил.

Ин аст, ки бештари сокинон дар чанд идора кор карда, рӯзии хонаводаашонро аз ин роҳ таъмин мекунанд. Агарчӣ қисми зиёди вақташон дар ҷои кор ва дур аз фарзандону таҳти фишор ба қавле "кӯр" мешавад.

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳамчунин гуфтанд, ки дар гузашта маоши онҳо барои таъмини хонаводаашон кофӣ буд. Аз ин рӯ, дар бораи ҷойи кори дигар ва ё роҳҳои дарёфти пули бештар андеша намекарданд. Акнун таъмини зиндагӣ барояшон гарон уфтода, ночор роҳ сӯи Русия пеш гирифтаанд, ки дар ба муқоиса ба Тоҷикистон дар он ҷо маоши бештаре ба даст меояд.

Иддае дигар ба пурсиши мо дар ин бора, ки "аз музди кори худ қонеъ ҳастед" мегуфтанд, "агар хуб кор кунед, маош мерасад." Вале ин гуфтаи худро шарҳ намедоданд, ки манзурашон аз "кори хуб кардан" чист. Яъне, бояд боз ҳам заҳмати бештар кашид ё чизи дигар. Дар ин қатор як шаҳрванд ҳам гуфт, ки худаш соҳибкор аст ва ба дигарон музди кор медиҳад ва камтарин маоши коргаронаш аз 1 то 2 ҳазор сомонист.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки сокинонаш музд ва нафақаи камтар ё ночизе мегиранд. Бино ба омори расмӣ, ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар як соли пеш 472 сомониро ташкил додааст. Дар ҳоле ки як нафар ба танҳоӣ метавонад ин маблағро барои таъмини рӯзгораш сарф кунад.

Музди кори Шумо то куҷо бароятон кофист. Назари худро бо мо ва хонандаҳои торнамои "Озодӣ" дар миён бигузоред.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG