Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташдиди тадбирҳои амниятӣ дар Ош


Дар шаҳри ҷанубии Оши Қирғизистон дар пешорӯи раҳпаймоҳои ба рӯзи панҷшанбе ва интихоботи маҳаллии рӯзи якшанбе таъйиншуда тадбираҳои амниятӣ тақвият ёфтанд. Июни соли 2010 ин минтақае, ки аксар сокинонаш ӯзбактаборҳо мебошанд, ба маҳалли даргириҳои байниқавмӣ табдил шуд, ки дар натиҷа 450 нафар кушта шуда ҳазорҳо хонаву иншооти тиҷоратӣ хароб гардид. Мақомот гуфтанд, ки дар остонаи раҳпаймоиҳои фардо нирӯҳои иловагии полис ва амниятиҳо ба минтақа сафарбар шуданд. Додситонҳои Ош аз шаҳрдор Мелис Мирзоаҳмадов хостанд, ки барои таъмини “амният, тавозуни байни миллатҳо ва эътидоли сиёсӣ” тадбирҳои заруриро биандешад. Дар интихоботи рӯзи якшанбе раъйдиҳандагон бояд аз миёни ҳашт ҳизби сиёсӣ як шӯрои шаҳриро интихоб кунанд, ки аз 45 узв иборат хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG