Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ояндаи Охунов -- дар дасти ҳайати пизишкон


Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр"

Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр"

Бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон вазъи рӯҳии раиси пешини ширкати "Мовароуннаҳр" ташхис мешавад.

Кумиссиюни ташхиси вазъи саломатии Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини ширкати "Мовароуннаҳр" мегӯяд, дар сурати тасдиқ шудани бемории рӯҳияш, ӯ бо табобат фаро гирифта хоҳад шуд.

Аммо як намояндаи ин кумиссиюн аз шарҳи бештар дар ин бора худдорӣ варзид. Вай гуфт, ҳар гуна иттилоъ дар бораи вазъи сиҳҳати Охунов метавонад ба таҳқиқ ва натиҷагирии кумиссиюн халал ворид намояд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи раиси пешини ширкати "Мовароуннаҳр" дар идомаи ҳамин ҳафта хулосаи кумиссиюн ба Додгоҳи олӣ пешкаш хоҳад шуд. "Аз хулосаи ин ташхис маълум мегардад, ки идома додани парвандаи ҷиноӣ имконият дорад ва ё не. Агар кумиссиюн ба ин натиҷа бирасад, ки Ҷӯрабек Охунов бемор нест, боз мурофиаи ӯ дар Додгоҳи олӣ идома меёбад",-афзуд ҷаноби Қудратов.

Тӯрабек Охунов, раиси кунунии ширкати "Мовароуннаҳр" ва бародари Ҷӯрабек Охунов мегӯяд, рӯзи чаҳоршанбе дар ҳузури яке аз равонпизишкҳо -- Абдувосит Фаттоев будааст, то аз вазъи сиҳҳати бародараш огоҳии комил дарёбад. Ӯ гуфт, "мо бо ин равонпизишк сӯҳбат доштем. Хоҳиш кардам, ки ҳарчӣ зудтар варақаи ташхиси худро, хоҳ бародарам бемор аст, хоҳ саломат, пешниҳод кунанд. Рӯзи панҷшанбе ҳамроҳи равонпизишкҳо ба назди раиси ҳамин кумиссиюн меравем ва мумкин аст натиҷаи ниҳоиро дастрас намоем."

Шӯҳрат Қудратов

Шӯҳрат Қудратов

Ба қавли вакили мудофеи Ҷӯрабек Охунов, рӯзи 29-уми феврал вазъи саломатии зерҳимояти ӯ аз рӯзҳои пештар дида бадтар шудааст. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки сӯҳбату ҳарфҳои Охунов берабт шуда, мантиқӣ ба назар намерасанд.

Дар пайи шикояти Шӯҳрат Қудратов ва бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврал ҳайати равонпизишкҳои Маркази бемориҳои рӯҳии Вазорати тандурустӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ вазъи саломатии раиси собиқи ширкати "Моваруннаҳр"-ро муоина кардаанд.

Мурофиаи додгоҳии Ҷӯрабек Охунов, ки дар моҳи августи соли 2011 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта буд, ҳанӯз ба поёни худ нарасидааст. Мурофиаи додгоҳии раҳбари ширкати "Мовароуннаҳр" бо айбномаи қаллобӣ ва сирқати маблағҳо дар ҳоле идома дорад, ки беш аз 600 нафар мунтазири ҳукми Додгоҳи олӣ нишастаанд, ки 90 дарсади онҳо мехоҳанд, Ҷӯрабек Охунов ба озодӣ барояд. Зеро ба қавли онҳо, агар раиси ширкат дар паси панҷара бимонад, дигар ниҳоде, ки зарари онҳоро ҷуброн кунад, дар Тоҷикистон нест.

Ширкати "Мовароуннаҳр" бузургтарин ширкати сохтмонии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ширкат ҳоло аз бонкҳо 13 миллион ва аз муштариёни худ бештар аз 2,5 миллион сомонӣ қарздор аст. Ин ширкат барои бунёди сохтмонҳои мухталиф 135 миллион сомонӣ масраф кардааст, ки 108 миллион аз он сармояи саҳмдорон будааст. Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши як хабар таъкид кард, ки дар маҷмӯъ Охунов ба маблағи 15 миллион доллар ба 517 ҷабрдида зарар ворид кардааст.

Аз бойгонии "Озодӣ": Суқути "Мовароуннаҳр" ва хонаводаҳои муфлис

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG