Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус сафиронашро аз Аврупо фаро хонд


Иттиҳодияи Аврупо эълон кардааст, ки сафирони 27 кишвари узви ин созмон аз Беларус фаро хонда шудаанд. Ин аксуламал ба дастури президенти Беларус Александр Лукашенко аст, ки ихроҷи сафири Полша ва ё Лаҳистон ва фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо ба Минскро талаб кардааст. Беларус ҳам сафираш дар Полша ва Иттиҳодияи Аврупоро барои машварат бозхонд.
Рӯзи сешанбе Иттиҳодияи Аврупо ба руйхати мансабдорони беларусии маҳрум аз ҳаққи вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо боз 21 номи нав шомил намуд. Қаблан бо ишора ба поймолшавии ҳуқуқи башар Иттиҳодияи Аврупо беш аз 200 мансабдори беларусиро аз ин ҳақ маҳрум карда буд. Раиси парламенти Аврупо Мартин Шултс аз Беларус даъват кардааст, ки роҳи созишро пеш гирифта, ибтидо тамоми маҳбусони сиёсиро аз зиндонҳо раҳо кунад. ИМА ҳам ба нишони ҳамраъйӣ бо Иттиҳодияи Аврупо аз Беларус даъват кардааст6 ки таъқиби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифини демократиро мутаваққиф кунад.
XS
SM
MD
LG