Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои шиканҷа сангинтар шуд


Маҷлиси Намояндагон ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусеро дар бораи шиканҷа ворид кард, ки ба қавли додситони кулли Тоҷикистон, бо тавсияи созмонҳои байнулмилалӣ ва барои риояи адолату ҳуқуқи инсон карда шудааст. Қаблан дар мавриди шиканҷа модда ё банди махсусе вуҷуд надошт, ва Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои бадрафториву азияти шаҳрвандон аз ҷониби кормандони ҳизфи ҳуқуқ аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекард. Ҳоло муҷозот барои шиканда аз ду то 8 соли зиндонро дар назар гирифта, дар сурати такрор шудани ин ҷиноят, аз 10 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG