Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади тамоми қурбониҳои манзили дар Русия сарозершуда берун кашида шуд


Гурӯҳҳои наҷотбахш дар Русия аз зери харобаҳои манзили нӯҳошёнаи сарозершуда дар Астрахан то имрӯз ҷасади 10 нафарро берун кашиданд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия мегӯяд, ки таркиши газ дар табақаи шашуми сохтмон боиси сарозер шудани тамоми иншоот гардид. Дар робита бо ин ҳодиса чор корманди хадамоти газтаъминкунии Астрахан мавриди таҳқиқу бозпурсӣ қарор гирифтаанд. Владимир Путин, ки мехоҳад дар интихобот пирӯзӣ ба даст орад, дирӯз аз маҳалли ҳодиса дидан кард ва ба сокинони зиндамондаи ин сохтмон ваъдаи таъмини манзилҳои навро дод.
XS
SM
MD
LG