Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон сафири Озарйбоҷонро дар робита бо хариди силоҳи исроилӣ фаро хонд


Матбуоти давлатии Эрон гузориш дод, ки вазорати хориҷаи ин кишвар сафири Озарбойҷон Ҷавоншер Охундовро даъват карда аз ӯ талаб кардааст, ки хабари аз Исроил харидани силоҳу аслиҳаро ба маблағи куллии 1,6 миллиард доллар тавзеҳ диҳад. Фарохонии сафир бо хабарҳои охири марбут ба фурӯши ҳавопаймоҳои бехалабон, мушакҳои ҳавоӣ ва мушакҳои системаи дифоӣ ба Озарбойҷон иртибот мегирад. Охундов хабари харида шудани силоҳро тасдиқ кард, вале гуфт, ки Озарбойҷон аслиҳаро барои озодкунии заминҳои ишғолии ин кишвар зарур дорад. Ишораи сафир ба Арманистон ва минтақаи баҳсноки Қаробоғи Кӯҳӣ аст, ки дар қаламрави Озарбойҷон ҷойгир буда, мавриди баҳси давомдори ду ҳамсоя қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG