Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши бомбаи дохили мошин сокинони мулкии Афғонистонро асар кард


Вазорати умури дохилаи Афғонистон мегӯяд, ки бар асари таркиши маргталаби савори мошин, ки зидди корвони нирӯҳои НАТО дар вилояти Ҳилманд нигаронида шуда буд, дасти кам шаш мулкӣ маҷрӯҳ шуданд. Дар изҳороти рӯзи чоршанбеи вазорат гуфта шуд, ки таркиши бомба дар маркази вилоят шаҳри Лашкаргоҳ рух дод. Дар миёни маҷрӯҳшудагон ду кӯдак ҳам мебошанд. Дар изҳороти сухангӯи НАТО гуфта шуд, ки ҳеҷ нафаре аз низомиёни ин паймони низомӣ осебе надиданд.
XS
SM
MD
LG