Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паскуа: Рӯзона дар Сурия ҳудудан 100 шаҳрванди мулкӣ кушта мешавад


Афсари аршади умури сиёсии СММ Лин Паскуа дар ҷаласаи Шӯрои амният гуфт, ки шумори нафарони дар ҷангҳои Сурия кушташуда ҳудудан 7500 ҳазор нафар мебошанд. Паскуа гуфт, ки гузоришҳои қобили эътимод шумори кушташудаҳоро рӯзона дар ҳудуди 100 нафар мегӯянд, ки миёни онҳо занону кӯдакони зиёд мебошанд. Вай афзуд, ки шумори мардуми беҷошуда аз 100 то 200 ҳазор нафар мебошанд ва 25 ҳазор суриягии дигар, бовар меравад, ба кишварҳои ҳамсоя фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG