Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мит Ромнӣ пешсафи рақобатҳои интихоботии ҷумҳурихоҳҳо


Пешсафи рақобатҳои интихоботии ҷумҳурихоҳҳои Амрико Мит Ромнӣ дар интихоботи муқаддамотии иёлоти Мичиган ва Аризона ғалаба ба даст овард. Ромнӣ мехоҳад дар сабқати миёни ҷумҳурихоҳҳо барои бурдани мақоми номзади ин ҳизб дар интихобот пирӯз шуда дар муқобили Барак Обамаи демократ дар интихоботи моҳи ноябр қарор гирад. Муҳимтарин даври раъйдиҳӣ 6 март аст, ки дар ин рӯзи “сешанбеи бузург” қарор аст якбора дар 10 аёлат интихоботи муқаддамотии миёни ҷумҳурихоҳҳо барпо шавад.
XS
SM
MD
LG