Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлдуз Усмонова: Бозгашт баъд аз панҷ соли "бадарға"


Овозхони маъруфи узбак Юлдуз Усмонова иҷоза гирифтааст, ки пас аз 5 сол консерти нахустини худро дар ватанаш баргузор кунад.

Ин ҳунарманди пуртарафдори узбакистонӣ аз соли 2007-ум ба ин сӯ маҷбур буд, ки берун аз кишвараш зиндагӣ кунад. Гуфта мешавад, дар пайи "хароб" шудани равобиташ бо мақомоти баландпояи Узбакистон ба Туркия рафт ва дар он ҷо зиндагӣ ихтиёр кард.

Овозхони пурмоҷаро, вале ҳамеша пуртарафдору маҳбуби узбакистонӣ Юлдуз Усмонова, ба назар мерасад, ин навбат низ тавонист, ки робитааш бо ҳукумати Узбакистонро барқарор намояд. Пас аз "бадарға"-и маҷбурии панҷсола ин ситораи ҳунар ният дорад, рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд консерте барпо кунад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Рустам, як сокини Самарқанд гуфт, ҳарчанд ҳанӯз дар шаҳр ҳеҷ овезаву огаҳие дар бораи ин консерт ба назар намерасад, вале мардум кайҳост ташнаи садои Юлдуз Усмонова шуда, ҳатман барои шунидани садои ӯ ва диданаш хоҳанд рафт.

Афроди огоҳ аз қазия мегӯянд, Юлдуз Усмонова панҷ соли пеш барои интиқоди ҳукумат дар матбуоти ғарбӣ хашми мақомдорони Тошкандро ба бор овард ва ин чиз сабаби ба Туркия кӯч бастани ӯ шуд. Баъзе овозаҳои дигар мегӯянд, робитаи харобшудаи овозхони 48-солаи ошкоргӯву хунгарм бо духтари бонуфузи президент Гулнора Каримова сабаби тарки саҳна, телевизион ва баъд кишвар кардани Юлдуз Усмонова шудааст.

Обид Асомов
Обид Асомов
Дар давоми панҷ соли охир чанд ҳунарманди дигари маъруфи узбакистонӣ, аз ҷумла овозхони мунтақиди давлат Шералӣ Ҷӯраев ва ширинкори номӣ Обид Асомов аз саҳнаву телевизиони давлатӣ дур карда шуданд. Шералӣ Ҷӯраев барои интиқод аз саркӯби эътирозҳои мардумӣ дар Андиҷон ва Обид Асомов барои эҷоди симои муҳоҷири меҳнатии узбак дар телевизиони Русия мавриди сарзаниши ҳукумати Узбакистон қарор гирифтанд.

Ин бори аввал нест, ки муносибати Юлдуз Усмонова бо мақомдорони даври Узбакистон хароб мешавад. Солҳои 1990-ум дар бораи вайрон шудани муносибати вай бо худи президент Ислом Каримов ва дар Аврупо зиндагӣ ихтиёр карданаш хабари зиёд пахш шуда буд. Панҷ соли охир Юлдуз Усмонова дар Туркия ба сар бурда, аз он ҷо фаъолияти ҳунарии худро идома додааст. Вай бо чанд барномаи консертӣ ба дидори мухлисонаш ба Маскаву Душанбе ҳам рафт ва баъди яке аз консертҳои хотирмонаш дар Қӯрғонтеппа ба матни шоираи тоҷик Офоқ соли 2008-ум яке аз таронаҳои маъруфи худро ба забони тоҷикӣ (“Биё, ҷонам, биё”) ҳам эҷод кард.

XS
SM
MD
LG