Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки мешавад ба кори ҳукумат таъсир гузошт, агар ҷомеа аз банди "тарс" раҳо шавад.

Шеваи кори ҳукуматдорони Тоҷикистон ба баҳси хосу ом табдил шудааст. Ҳарчанд дар нишасту бархостҳои худӣ баъзе фикру назар дар бораи камбуди кори ҳукуматдорон баён мешавад, вале аксарият аз иброз ва ё пешниҳоди рӯшоди он ба мақомот истиҳола мекунанд.

Наворбардори "Озодӣ" аз сокинони пойтахти Тоҷикистон пурсид, ки бо чӣ роҳе мешавад ба кори ҳукуматдорон таъсир гузошт ва равиши кори онҳоро тағйир дод? Як гурӯҳ аз назардиҳандагон гуфтанд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд андешаҳои худро дар бораи кори ҳукумат дар расонаҳо, аз ҷумла нашрияву блогҳо баён доранд. Ба қавли ин гурӯҳ, аз ин тариқ онҳо метавонанд, ки ба кори ҳукуматдорон таъсир бигузоранд. Яъне, мақомоти расмӣ пас аз хондан ва дидани назари мардум ба натиҷае расида, эҳтимол равиши кори худ ва муносибаташон бо мардумро тағйир бидиҳанд.

Яке дигар аз ҳамсӯҳбатони мо мегӯяд, "халқ ҳеҷ чиз намегӯяд. Агар як кас гап занад, дигарон хомӯш меистанд, дастгирӣ намекунанд. Метарсанд.”

Ҳамчунин, ин фикр гуфта шуд, ки то замоне аҳли ҷомеа дар мавқеи худ пйодор набошанд, намешавад ба кори ҳукумат таъсире расонд. "Зеро андешаи як гурӯҳи бузург ҳатман ҳукуматдоронро ба фикр кардан ва чора андешидан водор менамояд",-мегӯянд бархе аз ҳамсӯҳбатони мо.

Назардиҳандаи дигар мегӯяд, дар ҳоли ҳозир назари афроди одиро касе ба назари эътибор нахоҳад гирифт. Вай пешниҳод дорад, ки бояд дарду ғами халқро лидерони аҳзоб, ки аз мардум дар саҳнаи сиёсат намояндагӣ мекунанд, баён доранд.

Сафи онҳое низ кам нестанд, ки вазъи кишварро орому осуда арзёбӣ карда, ҳатто бар зидди мавҷудияти гурӯҳи мухолифон ҳастанд.

Аввал ин навори видеоро бубинеду сипас назари худро ҳам бинависед, ки чӣ гуна метавон ба кори ҳукумат дар Тоҷикистон таъсир гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG