Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 нафар дар ошӯби дирӯза дар Шинҷони Чин


Матбуоти давлатии Чин мегӯяд, дирӯз дар ошӯбҳо дар вилояти мухтори Шинҷон-Уйғур 12 нафар кушта шудаанд. Хабаргузории Синхуа гуфт, афроди мусаллаҳ бо корд дар наздикии Қошғар ба аҳли мавзеъи Йеченг (Қарғалик) ҳамла карда, 10 нафаррро куштанд ва 2 ошӯбгар аз тири пулис кушта шуд. Таъқиби омилони дигари ҳамла идома доштааст. Сухангӯи анҷумани уйғурҳои ҷаҳон, мақараш дар Олмон, аз қавли сокинони маҳаллӣ хабар дод, ки 7 маъмури мусаллаҳи амниятӣ ва 3 мулкӣ кушта шуда, 10 нафар захмӣ ва 84 кас боздошт шудаанд. Дилшод Ришод “тоқ шудани тоқати уйғурҳо аз таъқиботи пайвастаи Чин”-ро иллати ошӯб номид.
XS
SM
MD
LG