Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фарохонди сафири Озарбойҷон дар Теҳрон


Вазорати хориҷаи Эрон дирӯз сафири Озарбойҷон Ҷавоншер Охундовро ба ҳузур хонда, дар бораи қарордоди харидани аслиҳа аз Исроил ба маблағи 1,6 миллиард доллар ташреҳ хостааст. Охундов ин қарордодро тасдиқ кард, вале бо ишора ба вилояти Қаробоғ, ки таҳти назорати арманиҳост, гуфт, Боку “барои озод кардани заминҳои ишғолшудаи Озарбойҷон” ба таслиҳот ниёз дорад. Чанде пеш Эрон Бокуро айбдор кард, ки истифодаи қаламравашро ба ҷосусони Исроил иҷозат додааст. Озарбойҷон ин даъворо “бӯҳтон” хонд. Боку ҳафтае пеш чанд танро дастгир кард, ки ба бовари мақомоти озарӣ, бо Эрон рабт дошта, қасди анҷоми ҳамлаҳо дар Озарбойҷонро доштаанд.
XS
SM
MD
LG