Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пасандози бонкҳои Тоҷикистон 30 фоиз афзудааст


Пасандозҳои мардум ва корхонаҳо дар бонкҳои Тоҷикистон то поёни моҳи январ 4,4 миллиард сомониро ташкил дод. Дар Бонки миллӣ ба "Азия Плюс" гуфтаанд, ин рақам назар ба як соли пеш 30,5 дарсад бештар буда, пасандози мардум дар бонкҳо имсол аз марзи 2 миллиард сомонӣ гузаштааст. Феълан дар Тоҷикистон 14 бонк ва 124 муассисаи молӣ амал мекунанд.
XS
SM
MD
LG