Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду телефони боварӣ барои қурбониёни шиканҷа


Дар Тоҷикистон барои қурбониёни шиканҷа ду телефони боварӣ кушодаанд, ки яке (98 882 37 96) барои вилояти Суғд аст ва дувумӣ(98 882 37 97) – барои Душанбеву навоҳии тобеъи марказ ва вилояти Хатлон. Бино ба гузориши "Азия Плюс", ин телефонҳо дар чаҳорчӯби барномаи “Мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон” амал мекунанд. Ин тарҳро Маркази ҳуқуқи инсон бо кумаки дафтари САҲА ба роҳ андохтааст. Ба ҳисоби ин марказ, соли гузашта дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе зери 30 мавриди шиканҷа сабт шудааст, ки намунаҳои барҷастааш ҳалокати Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев дар боздошт аст.
XS
SM
MD
LG