Пайвандҳои дастрасӣ

Лағви қонуни генотсиди арманиҳо дар Фаронса


Шӯрои Қонуни асосии Фаронса қонуни марбут ба тардиди қатли омми арманиҳоро мухолиф ба Қонуни асосии ин кишвар донист. Ин қонун дар моҳи декабр тасвиб шуда, барои тардиди қатли ҳудуди 1,5 миллион арманӣ аз сӯи туркони усмонӣ дар соли 1915 то як соли зиндон муҷозот ва ҷарима ба маблағи 45 000 евро таъйин карда буд. Аммо додгоҳи олии Фаронса ҳукм кард, ки ин қонун ҳомили “нақзи ғайриконститутсионии ҳуқуқ ба озодии баён ва муошират” аст.
Туркия билофосила аз ин ҳукм истиқбол кард. Дар пайи тасвиби қонуни марбут ба генотсиди арманиҳо, Туркия равобиташ бо Фаронсаро мунҷамид сохт ва аз ҷумла истифодаи киштиҳову ҳавопаймоҳои ҷангии Фаронса аз бандарҳо ва фурудгоҳҳои Туркия ва ҳам парвози бидуни иҷозати пешакии ҷангандаҳои фаронсавӣ аз ҳарими ҳавоии Туркияро манъ кард. Довудуғлу гуфт, давлати Туркия акнун шароити азсаргирии тамосҳои иқтисодиву сиёсӣ ва низомӣ бо Порисро баррасӣ хоҳад кард.
Аммо ба дунбол, раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ба ҳукми додгоҳ бо амри наваш ба кобина барои таҳияи тарҳи нави қонуни муҷозот барои тардиди генотсиди арманиҳо посух дод.
XS
SM
MD
LG