Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истирдод"-и Низомхон Ҷӯраев ба Шёлково


Анна Ставитская, вакили мудофеъи Низомхон Ҷӯраев
Анна Ставитская, вакили мудофеъи Низомхон Ҷӯраев
Имрӯз додгоҳи шаҳри Шёлковои вилояти Маскави Русия мавзӯъи ҳукми боздошти Низомхон Ҷӯраев дар иртикоби парвандаи сӯъиқасд ба ҷони нафаре бо номи Мирбодулло Каримовро баррасӣ хоҳад кард. Иттиҳоми нав алайҳи мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара ва вакили пешини маҷлиси вилояти Суғд дар ҳолест, ки замони боздошти қаблии ӯ дар Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон рӯзи 27 феврал ба поён расид ва Ҷӯраев бояд раҳо мешуд. Анна Ставитская, вакили мудофеъи Низомхон Ҷӯраев ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд лаҳза қабл аз раҳоии ӯ ба додситони минтақаи Хамовникии шаҳри Маскав санадеро овардаанд, ки тибқи он, Ҷӯраев дар иртикоби парвандаи нави сӯъиқасд ба Каримов бояд ба Шёлково мунтақил шавад. Хонум Ставитская гуфт, ин дар ҳоле буд, ки санади озодии ӯ ба шарти тарк накардани ҳудуди Маскав алакай имзо шуда буд ва додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар низ истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ҳукм кардааст.
Анна Ставитская мегӯяд: “Ҷӯраевро ба шӯъбаи тафтишоти шаҳри Шёлково оварда, ибтидо ба ҳайси шоҳид бозпурсиаш карданд. Ӯ шарҳ дод, ки Каримовро шахсан намешиносад ва муомилоте ҳам бо ӯ надошт. Сипас онҳоро рӯбарӯ карданд ва Каримов гуфт, Ҷӯраев дар сӯъиқасд ба ҷони ӯ даст дошт. Вале Каримов ғаразҳои Ҷӯраев аз чунин сӯъиқасдро шарҳ дода натавонист ва ягон факте ҳам наовард, ки даст доштани Ҷӯраев дар сӯъиқасд ба ҷони вайро собит кунад.”
Низомхон Ҷӯраев ҳанӯз моҳи августи соли 2010 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуда, якуним солро дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш дар боздошт ба сар бурд. Дар Тоҷикистон ӯро ба сирқати амволи корхонаи кимиёвии Исфара, напардохтани молиёт ва ҳам ба даст доштан дар чанд куштор, аз ҷумла қатли ноиби собиқи додситони кулл Толиб Бобоев дар соли 1999, айбдор мекунанд. Соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 нафар аз сокинони Исфараро дар иртикоби парвандаи Низомхон Ҷӯраев, ки дар матбуот ҳамчун “парвандаи исфарагиҳо” маъруф аст, ба мӯҳлати аз 8 то 30 сол маҳкум ба зиндон кард.
XS
SM
MD
LG