Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни таркиш ба 9 нафар расид


Владимир Путин дар ҷойи ҳодиса
Владимир Путин дар ҷойи ҳодиса
Имрӯз сарвазири Русия Владимир Путин аз ҷойи таркиши хонаи бисёрманзила дар шаҳри Астрахан дидан кард. Дар ин ҳодиса, бар пояи иттилои ахир, 9 нафар ба ҳалокат расиданд. Сарнавишти як нафари дигар то ҳол рӯшан нест. 18 нафар ҷароҳат бардоштанд, панҷ нафари онҳо ба бемористон интиқол ёфтанд.

Амалиёти ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ идома дорад, то ҳол 26 нафар аз зери оворҳо берун карда шуданд.

Таркиши балони газ дар яке аз манзилҳои ошёнаи сеюм рӯх дод ва дар натиҷа як қисмати бино комилан фурӯ рехт.Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, чаҳор нафар - кормандони ширкати “Астрахангазсервис” ва раиси ЖЭК боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG