Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти мухолифин бо шаҳрдории Маскав бенатиҷа поён ёфт


Музокироти намояндагони мухолифин ва шаҳрдории Маскав барои баргузории гирдиҳамоии рӯзи 5 март бенатиҷа поён ёфт.

Шаҳрдорӣ барои баргузории гирдиҳамоӣ дар майдони Манеж розӣ нашуд ва пешниҳод намуд, ки мухолифин намоиши худро дар майдони Болотная доир кунанд. Ҳамоҳангсози “Ҷабҳаи чап” Сергей Удалсов гуфт, ки онҳо бо ин пешниҳод розӣ нестанд ва барои дарёфти иҷозаи дар маркази Маскав баргузор кардани гирдиҳамоӣ талош хоҳанд кард.

Қарор аст, ки дар ин ҳамоиши баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Русия 10 ҳазор нафар ширкат намоянд.
XS
SM
MD
LG