Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиллай аз Асад хост, "оташбаси башарӣ" эълон кунад


Навӣ Пиллай
Навӣ Пиллай

Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал аз раисиҷумҳури Сурия хост, то ба саркӯби мухолифон хотима бахшанд.

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар ҳоле ба ҷаласаи вижаи худ идома медиҳад, ки нерӯҳои Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия ҳамла ба шаҳри Ҳумс ва ба соири нуқтаҳои муқовимати мухолифон идома медиҳад.

Навӣ Пиллай, раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал (СММ) мегӯяд, вазъи ҳуқуқи башар дар Сурия хеле ташвишовар аст. Вай аз ҳукумати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия хост, ки ҳар чӣ зудтар “оташбаси башарӣ” эълон кунад.

Хонум Пиллай рӯзи сешанбе (28-уми феврал) дар Женева дар ин иҷлоси фаврӣ ҳамчунин хост, ки режими Сурия ба нозирони мустақили байнулмилалӣ иҷоза диҳад, то онҳо бо вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ошно шаванд. Ӯ гуфт, "вазъи ҳуқуқи башар аз моҳи ноябри соли 2011 то ҳол хеле бад шудааст. Гузоришҳо нишон медиҳад, ки ҳукумат ошкоро натавонистааст, масълулияти худро барои ҳимоят аз аҳолӣ иҷро кунад.”

Дар ҷараёни ҷаласа ҳайати намояндагии Сурия толори иҷлоси Женеваро тарк кард ва кори иҷлосро “баррасиҳои бесамар” номид. Бино ба гузоришҳо, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ омода аст, ки дубора пешнависи қатъномаро роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Сурия баррасӣ кунад. Дар ин пешнавис саркӯбии мунтазами мухолифон аз тарафи режими мавҷудаи Сурия маҳкум шудааст.

Хушунат дар Сурия ҳамоно идома дорад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00


Аз сӯи дигар, даргириҳо ва ҳамлаҳои нерӯҳои ҳукуматӣ ба шаҳри Ҳумс ва нуқоти дигари муқовимати мухолифони режим идома дорад. Дар ҷараёни даргириҳои дуҷониба ду хабарнигори низомии ғарбӣ захмӣ шуда ва бино ба гузоришҳо, яке аз онҳо аз саҳнаи даргириҳо берун оварда шудааст.

Ҷаласаи фаврии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ роҷеъ ба Сурия бо дархости Туркия ва се кишвари ҳошияи Халиҷи Форс -- Қатару Кувайт ва Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG