Пайвандҳои дастрасӣ

Мубориза бо маводи мухаддир. Кӣ чӣ мехоҳад?


Бинои Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон.

Бинои Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон.

Вазорати хориҷаи ИМА барои кӯмак ба ниҳодҳои муборизакунанда бо маводи мухаддири кишварҳои Осиёи Миёна бештар аз 4 миллион доллар ихтисос додааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде пештар зимни як нишасти СММ, ин кишварҳо тарҳи Амрико барои мубориза бо маводи мухаддиро таҳти фишори Русия сарфи назар намуданд. Русия ҳоло ҳам ба ин тарҳ мухолиф аст.

Ҳоло ду суол матраҳ аст, ки чаро Русия ба тарҳи кӯмак барои таҳкими мубориза бо қочоқи маводи мухаддир мухолифат кард ва суоли дигар ҳам ин, ки кишварҳои Осиёи Миёна дар воқеъ ба ин кӯмакҳо ниёзе надоранд, ки онро нодида гирифтанд?

Таҳлилгарон ба ин боваранд, ки кишварҳои минтақа таҳти шароити Русия аз ин тарҳ сарфи назар карданд. Ва акнун ба рағми ҳамаи мухолифатҳо, Вазорати хориҷаи ИМ бештар аз 4 милион доллар барои кӯмак ба ниҳодҳои муборизакунанда бо маводи мухаддир дар кишварҳои минтақа ихтисос додааст.

Сӯҳроб Шарифов, вакили МН

Сӯҳроб Шарифов, вакили МН

Сӯҳроб Шарифов, вакили МН аз ҲХДТ дар баёни иллати мухолифати Русия ба тарҳи пешниҳодии Амрико мегӯянд, ин иқдоми Русия бозтоби вазъи ноҳамвори муносибатҳои ду абарқудрат дар ҳамаи масоили байналмилалӣ дар вақтҳои ахир аст. Ва ин тасмим робитаи зиёде ба худи мубориза бо маводи мухаддир надорад ва бештар тасмими сиёсӣ ва давоми ҷанҷолҳои ду кишвар дар майдонҳои дигар мебошад. Оқои Шарифов мегӯяд, Тоҷикистон дар ҳар сурат ва бо вуҷуди мухолифатҳои Русия ва Амрико, ба ин кӯмак ниёз дорад.

Ӯ мегӯяд: «Онҳо ба ин фикранд, ки ин гуна барномаҳо нуфузи Русияро дар минтақа коҳиш медиҳад. Ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон дар ин замина бо СММ ҳамфикр аст ва мӯҳтоҷи кӯмак мебошад. Ва аз ин нуқтаи назар кушода ҳастем ва кӯмаки кадом давлате, ки набошад дар заминаи мубориза бо маводи мухаддирро қабул хоҳем кард.»

Ба гуфтаи оқои Шарифов ҳамкорӣ ва робитаи ниҳодҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои марбутаи Русия низ дар ин замина вуҷуд дорад ва пешравӣ ҳам доштааст, аммо самара ва натиҷаи ин ҳамкорӣ то кунун қонеъкунанда набудааст. Оқои Шарифов афзуд, дар сурати амалӣ шудани ин кӯмакҳо, нафъи он ба худи Русия низ хоҳад расид. Зеро Русия ҳамвора даъво дорад, ки маводи мухаддир умдатан аз Тоҷикистон ба он кишвар ворид мешавад.




Аммо бо ин вуҷуд, расонаҳои Маскав иддао кардаанд, ки ҳадаф аз тахсиси кӯмакҳои пулии Амрико дар чаҳорчӯби мубориза бо маводи мухаддир ва таҳкими марзҳо, ба сӯи худ моил намудани мақомоти қудратии кишварҳои минтақаи ОМ мебошад. Аммо мақомоти ниҳодҳои марбутаи кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон борҳо эътироф намудаанд, ки ба танҳои аз ӯҳдаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бар нахоҳанд омад ва ин мушкили танҳо Тоҷикистон нест, балки ҳамаи кишварҳои пешрафта дар ин амр бояд саҳм бигиранд.

Бобоҷони Шафеъ,сухангӯи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир

Бобоҷони Шафеъ,сухангӯи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир

Тоҷикистон то кунун таҷрибаи ҳамкории амалии бештар аз даҳсола бо кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалиро дар мубориза бо маводи мухаддир доро мебошад. Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон амалан як ниҳоди муштараки ин кишвар ва СММ буд, ки тавассути барномаҳои ин созмон ва кӯмаки кишварҳои ғарбӣ сармоягузорӣ мешуд.

Бобоҷони Шафеъ, аз сухангӯёни Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир мегӯяд: «Мухолифати онҳо, кори худи онҳо аст. Аммо чизе, ки ин шабу рӯз аён аст, ин аст, ки амрикоиҳо назар ба русҳо дар заминаи мубориза бо маводи мухаддир кӯмаки амалии бештаре мекунанд. Миллионҳо доллари Амрико то ҳозир барои таҳкими мубориза бо маводи мухаддир масраф шудааст. Ин тарҳҳо ба нафъи мубориза бо маводи мухаддир мебошанд, аммо ин ки Русия ва Амрико мухолифат мекунанд, ин кори онҳо аст. Аммо мо ба кӯмаки ҳам Амрико, ҳам Русия ва ҳам ба кӯмаки ҷомеъаи байналмилалӣ ниёз дорад.»

Аммо таҳлилгарони умури сиёсӣ мегӯянд, ки Русия мехоҳад ҳамагуна барномаи кӯмакҳои низомӣ, таҳкими марзҳо ва аз ҷумла, муқобила бо мухаддирот ва қочоқи он дар чаҳорчӯби барномаҳои СПАД ва бо таъсиси Нерӯҳои посдори сулҳи ин созмон амалӣ шавад. Вале Амрико то кунун тавассути кӯмак ба ниҳодҳои марбута, аз ҷумла ба ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон дар ин замина ҳамкорӣ кардааст. Аммо дар моварои рӯёрӯии Русия ва Амрико бар сари ин тарҳҳо, Тоҷикистон бояд чӣ кор кунад?

Қосимшоҳ Искандаров (акс аз бойгонии ҳафтаномаи "Миллат" гирифта шуд)

Қосимшоҳ Искандаров (акс аз бойгонии ҳафтаномаи "Миллат" гирифта шуд)

Қосимшоҳ Искандаров, мудири Маркази мутолеоти низоъҳои минтақаии Тоҷикистон мегӯяд: «Албатта ба манфиати Тоҷикистон аст, ки ба ғайр аз кӯмаки созмонҳои минтақаӣ, кӯмакҳои дигарро ҳам қабул кунад. Зеро муҳим амалӣ кардани барномаи ҷилавгирӣ аз қочоқи мухаддирот аст. Аммо муҳим ин аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ин кор набояд ба як самти мухолифатҳои Русия ва Амрико ва ё Тоҷикистон ва Русия табдил шавад. Ин кор бояд бо тафоҳум амалӣ шавад.»

Аммо Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари умури минтақаӣ ба ин бовар аст, ки Русия баъди бозгашти Путин талош хоҳад кард, ки нуфузи аз дастдодаи худро дар минтақа дубора барқарор кунад ва ҷойи пойи Амрикоро танг намояд, аммо мегӯяд, ин суол матраҳ мемонад, ки Русия омода аст, ки барои амалӣ шудани ин мақсад ва барномаҳояш масраф низ бикунад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG