Пайвандҳои дастрасӣ

Пендеретский ба ҷойи Чуров ҳарфҳои носазо шунид


Дар акс Владимир Чуров аст, на Кшиштоф Пендеретский

Дар акс Владимир Чуров аст, на Кшиштоф Пендеретский

Дар Театри Калони Маскав ҳангоми намоиши операи “Ҷонҳои мурда” дар чаҳорчӯби ҷашнвораи “Ниқоби тиллоӣ” яке аз тамошобинон ба оҳангсози маъруфи лаҳистонӣ Кшиштоф Пендеретский нигариста бо садои баланд нидо кард: “Чуров, ҷонҳои мурдаро чандсумӣ мефурӯшӣ?”. Тамошобини дигар ба ӯ ҳамовоз шуд: “Чичиков – Чурови имрӯза аст!”.

Ба навиштаи расонаҳои чопи Маскав, Кшиштоф Пендеретский ба раиси Комиссиюни маркази интихоботи Русия Владимир Чуров шабоҳати комил дорад ва аз ин рӯ бархе тамошобинон гумон кардаанд, ки дар паҳлӯи балеринаи маъруф Майя Плесетская дар балкон барои меҳмонҳои воломақом Чуров нишастааст.

Оҳангсози лаҳистонӣ аз ин гуна бархӯрди тамошобинон ҳайрон буд ва хонум Плесетская маҷбур шуд, ки сабаби сӯи ӯ санги маломат андохтани тамошобинонро барояш тавзеҳ кунад.
XS
SM
MD
LG