Пайвандҳои дастрасӣ

Праймериз дар Мичиган ва Аризона баргузор мешавад


Дар аёлатҳои Мичиган ва Аризона имрӯз праймериз – интихоботи муқадамотии номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон баргузор мешавад.

Барои дарёфти мақоми номзади ҳизб дар интихоботи президентии моҳи ноябр чаҳор нафар – Мит Ромнӣ, Рик Санторум, Нют Гингрич ва Рон Пол рақобат мекунанд ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, муборизаи аслӣ миёни волии пешини Массачусетс Ромнӣ ва сенатори собиқ Санторум сурат хоҳад гирифт.

Ҳадс зада мешавад, ки дар Аризона Ромнӣ пирӯз хоҳад шуд ва аммо натиҷаи раъйдиҳӣ дар Мичиган пешгӯинашаванда арзёбӣ мешавад.

Рӯзи 6 март праймериз якбора дар даҳ аёлати ИМА баргузор мешавад.

Ҳизби ҷумҳурихоҳ бояд моҳи август рақиби Барак Обама дар интихоботи президентиро муайян кунад.
XS
SM
MD
LG