Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Ҳилманд боиси ҳалокати ҳафт нафар шуд


Дар вилояти Ҳилманди Афғонистон бар асари таркиш дар як манзил дасти кам ҳафт нафар – чаҳор зан ва се кӯдак ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар ин манзил бомб инфиҷор шудааст ва аммо маълум нест, ки чаро бомбро маҳз дар ин манзил инфиҷор кардаанд.

Ҳамчунин аз Ҳилманд дар бораи як ҳамлаи нокоми террористӣ дар яке аз шаҳрҳои вилоят хабар расид. Вақте, ки ҷангиёни мухолифини ҳукумат маводи таркандаро зери як мошин мегузоштанд, бо амри тасодуф он мунфаҷир шуд ва дар натиҷа шаш тан аз афроди мусаллаҳ ба ҳалокат расида, се тани дигарашон ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG